Интернет дар айни замон як маҳзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар як шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷукунанда маълумотҳоеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ҷустуҷуи он ранҷмекашид. Мо имруз метавонем дар бораи ҳар як сиёсатшиноси барҷаста, олиму шоир, нависандаҳо ва ҳатто лашкаркашону давлатҳои гуногун ба осонӣ ва бе ҳеҷ харҷи иловагӣ дар ҷои нишасти худ маълумоти заруриро пайдо намоем.
Дар айни замон рушди ҳеҷ як система, ҷомеа, ташкилот ва ҳатто давлатро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст. Худ тасаввур кунед агар як соат интернет дар кишвар қатъ гардад чи хаосе онро фаро мегирад. Дар баробари қатъи алоқа тамоми бонкҳо аз кор мемонанд, ки зиёни он тасаввурнопазир аст.
Ба ин хотир имруз мо бояд тамоми кушишро ба харҷ диҳем, ки бо роҳи омузиши тарзи дурусти истифодаи интернет истифодабаранда аз он бештар манфиат бардорад.
Чун ҳадаф имруз одоби истифодабарии интернет аст бояд зикр намуд, ки мо имруз аз зинаи аввал алакай аз овони мактабхонӣ бояд ба кудакон этикаи истифодаи интернетро омӯзем, одоби муошират тарзи истифода, аз кадом манбаъ истифода бурдан мумкин аст, кадоме фоидаовар ва кадоме зараровар, бояд ҳар фарзанди мо , шогирди мо онро донад.
Ба ҳамин хотир ман таклиф менамоям, ки бигзор дар интернет як бахше кушода шавад, ки одоби истифода ва муоширатро ба истифодабарандагон талқин кунад. Бигзор инчунин тариқи телевизионҳои мо, дар радиову матбуот махсус аз ин боб ташвиқот баранд, ки одоби муошират дар интернет риоя шавад. Зеро интернет танҳо майдони муошират нест, интернет дар айни замон ба як мактабе табдил ёфтааст, ки аз он тамоми намудҳои донишҳои замонавиро ба даст овардан мумкин аст. Дарсҳои онлайнии гуногуни забономӯзӣ, сиёсиву иқтисодӣ ва диниву дигару дигар ба пуррагӣ ба интернет ворид шудаанд. Аз интернет олимон барои навиштани дисертатсияҳо ва рисолаҳои доктории худ истифода мебаранд, донишҷуён корҳои курсиву дипломии худро бо истифода аз интернет тайёр мекунанд. Сайёҳон барои интихоби ҷои истироҳаташон дар мамлакатҳои гуногун маҳз тариқи интернет интихоб мекунанд. Довталабони донишкадаву донишгоҳҳоро тариқи интернет интихоб мекунанд.
Дар интернет китобҳои гуногунро ба даст меоранд, филмҳо роҳандозӣ мекунанд, луғатномаҳоро дар компютерҳо насб мекунанд. Хуллас интернет имруз ба як майдони фарохе табдил ёфтааст ва чунон зуд рушд карда истодааст, ки ҳеҷ як соҳаеро дар гӯша намегузорад. Фақат моро зарур ҳаст, ки тарзи дурусти истифодаи онро омӯзем.
Имруз рушди ҷомеаро бе интернет тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Интернет ин манбаи рушди информатсионӣ ва иттилоотиву техникӣ аст, Дар замоне ки арзиши рӯзномаву маҷаллаҳо то рафт боло меравад, интернет ягона манбаест, ки на танҳо аз ахбори навин балки аз кашфиётҳои нав дар соҳаҳои гуногунро тавассути он огоҳ мешавем.
Ба ин хотир ман фикр мекунам, ки моро зарур аст тарзи дурусти истифодаи онро омузем ва ба пешрафти он монеъ нашавем.
Давлати Тоҷикистон ва аз ҷумла Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди озодии баён, андеша ва мубодилаи афкор нестанд. Вале ҳама мехоҳанд, ки интернет як сарчашмаи иғвогариву таҳқиру ҳақорат набошад. Озодии баён ин ҳуқуқи қонунии ҳар як шаҳрванд аст, ки Сарқонуни кишвар онро барояш кафолат додаст. Вале дар интернет асосан таҳқиру ҳақорат аз забони онҳое оварда мешавад, ки ному насаби мустаор доранд. Мисол дар баъзе ҳолатҳо мехонем, ки оварда шудааст: Ношинос, Беном, Беватан ва ғайра. Ва маҳз чунин номҳо ҳаргуна таҳқирро раво мебинанд. Шарҳу коментҳои ана ҳамин гуна номҳоро бояд маҳсулини сайтҳо ба сомонаҳои худ роҳ надиҳанд. Коментария додан мехоҳанд бигзор ному насаби аслии худро нависанд ва одоби муоширатро риоя кунанд.
Яке аз мақсади асосии Президенти кишвар низ зимни пиёда намудани лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо компютер ва пайваст намудан ба шабақаи интернет он аст, ки устодон ба хонандагони мактабҳо тарзи дурусти истифодаи компютерро омузанд ва чун тарғибгари ватани худ ба воя расанд. Агар мо зинаи авали одоби муоширатро аз мактабҳо ба хонанда омӯзем боварӣ дорам, ки дар оянда шогирдони мо интернетро танҳо ба мафиат истифода мебаранд.