Интернетро бояд дуруст истифода бурд.

Имрӯз шабакаи Интернет як воситаи ниҳоят муҳими ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Дар ҷаҳони муосир мубориза байни марказҳои гуногун, ки асосан хусусияти иттилоотӣ доранд, маҳз тавассути Интернет бештару бештар амалӣ мешаванд.

Интернетро минбари озод мегӯянд, дар ҳақиқат он озод аст, вале мардум ин озодиро ба таври дигар истифода мебаранд, ки дар натиҷа сабаби пайдо шудани низоъҳои дохилӣ ва беруна мегарданд. Имрӯз Интернет ба минбари дашному ҳақорат ва нафрат табдил ёфтааст. Тарақиёти техникаву технологияи нав рӯз то рӯз бештар ба чашм мерасад, вале бештари мардум онро на баҳри сайқал додани ҷаҳонбинию донишашон, балки барои танқид кардани ҳамдигару суханҳои беасосро дар байни ҷомеа паҳн кардан истифода мебаранд.

Чуноне ки якчанд сол қабл дар тамоми сомонаҳои Интернетӣ дар бораи он ки дар Тоҷикистон соати дувоздаҳи шаб замин меҷунбад хабар паҳн гардида буд. Ин хабар тамоми табақаҳои аҳолиро ба ташвиш овард ва қариб як шаби мардуми тоҷик дар берун гузашта буд, ки оқибат якчанд хонаҳои истиқоматии мардумро ба яғмо бурданд.Ҳамин аст тавассути Интернет ҷанг ангехтан. Барои он аҳолии кишвар ба чунин овозаҳо бовар мекунанд, ки онҳо Интернетро беҳтарин ва дақиқтарин сарчашмаи иттилоот медонанд. Бинобар ин, бояд чорае ҷӯст, то ки дар Интернет суханҳои дурӯғ ва бӯҳтон паҳн нагардад. Ба мисли он ки дар сомонаи Интернетии ЦентрАзия рӯзи 8-уми июн аз ҷониби Сергей Тихомиров дар бораи сафари Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии халқии Чин маводе паҳн гардид, ки саросар бӯҳтон аст. Дар он гуфта шудааст, ки гӯё Эмомалӣ Раҳмон барои паноҳгоҳи сиёсӣ гирифтан ба он ҷо рафтааст. Магар чунин хабарро дар байни омма паҳн кардан бӯҳтон нест? Онҷо боз суханони бардурӯғи зиёде гуфта шудаанд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта муттасадиёне, ки баҳри кушодани сомонаҳо мувазафанд бояд барои кушодани чунин сомонаҳое, ки дар байни омма сару садоҳоро баланд мекунанд иҷоза надиҳанд. Ё фаъолияти сомонаеро, ки ба паҳн кардани хабарҳои беасос машғул аст маҳдуд намоянд ва ё баҷавобгарӣ кашанд. Зеро ҳар гуна хабар зеҳни мардумро халалдор мекунад ва фикри онҳо нисбати ин ё он сиёсатмадор дигаргуна мегардад, ҳарчанд намехоҳанд бовар дошта бошанд, вале ҳар рӯз бо мутолиаи чунин хабарҳо фикрашон коста мегардад. Бинобар ин, чунин корро саҳл надониста бояд аз пайи ҷустани чораҳои фаврӣ шуд, зеро агар хабарҳои дурӯғин зиёд гарданд, оқибаташ нохушиҳоро ба бор меорад. Маҳз тавассути як хабари беасос байни ду давлати абарқудрат метавонад низоъ ба миён ояд.

Барои он ки чунин ҷазо ва чораҷӯйиҳо ба миён наоянд бояд аз озодии Интернет дуруст истифода бурд.

Маркази матбуоти Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои хатми бо * ишора шудаанд *